image

Паёми Пешвои миллатро дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дастаҷамъона тамошо карданд

date_range29.12.2023, 14:16 chat_bubble_outline0 remove_red_eye173

Дар баробари кормандони сохторҳои давлатӣ масъулину кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ Паёми Пешвои миллатро дар толори мақомот тавасути оинаи нилгун дастаҷамъона тамошо намуда, онро барои худ ҳамчун санадаи роҳнамунсоз ва нишондодҳои онро сармашқи кори худ қарор медиҳанд. Зеро Паёми Пешвои миллат ҳамчун дастури амал рушди ҳамаи бахшҳои мамлакатро дар бар гирифтааст.

Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, дар ин замина оид ба пешбурди самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва илм, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро муайян намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки муайян намудани самтҳои фаъолият дар хама соҳаҳои кишвар, самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, роҳҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ҷанбаҳои дигари ҳаёти мамлакат дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ нуктаҳое мебошанд, ки дар паёми имсолаи Пешвои миллат ба маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

Қиёмиддинии Ҳомид
"ТВ Душанбе"