image

Оғози даври шаҳрии Олимпиадаи фаннии хонандагон

date_range02.01.2024, 15:13 chat_bubble_outline0 remove_red_eye313

Бо мақсади баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фаннҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва рушди зеҳнии хонандагони боистеьдод, тибқи фармоиши сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз 28.12.2023 дар пойтахт аз руйи 13 фани таълимӣ олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз гардид, ки он то санаи 6-уми январи дома менамояд.

Тавре, ки масъулин иттилоъ доданд дар даври сеюми (шаҳрии) олимпиадаи фаннӣ аз чор ноҳияи пойтахт 5 ҳазору 769 довталаб ба олимпиада роҳ ёфтанд, ки аз ин шумора 3 ҳазору 783 нафар аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва 1 986 нафар аз фанҳои табиӣ-риёзӣ мебошад.

Қайд шуд, ки Олимпиада пура аз руйи Низомномаи олимпиадаҳои фаннӣ, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, амалӣ гардида беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод мегарданд.

Ташкил ва баргузор намудани озмун ва олимпиадаҳо, яке аз усулҳои босамари дастгирӣ ва ҷалб кардани хонандагони болаёқат ба донишандӯзӣ ва илмомӯзӣ мебошад.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"