image

Дар ноҳияи Шоҳмансур даври ноҳиявии Озмуни шахрии «Китобхонаи беҳтарин» оғоз гардид

date_range04.01.2024, 11:10 chat_bubble_outline0 remove_red_eye410

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур миёни вазорату кумита, ташкилоту муассиса ва шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия даври ноҳиявии Озмуни шахрии «Китобхонаи беҳтарин» оғоз гардид. Бо мақсади рушди устувори китобхонаҳо, таҳкими заминаҳои моддиву техникии онҳо, рушду тавсеа, истифодаву корбурди китоб дар оила, ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳои давлативу ҷамъиятӣ, ҷалби мутахассисони соҳаи китобдорӣ ба китобхонаҳо, тақвияти зеҳниву маънавии сокинони пойтахт ва ҷалби онҳо ба озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар робита ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2019 зикр гардиданд, Қарори Раиси шаҳри Душанбе, дар бораи баргузор намудани озмуни «Китобхонаи беҳтарин» дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.

Дар асоси ин Қарор ҳамасола дар шаҳри Душанбе озмуни «Китобхонаи беҳтарин» дар сатҳи баланд баргузор карда мешавад. Мувофиқ ба нишондоди Қарори мазкур бо ташаббуси МИҲД ноҳияи Шоҳмансур даври ноҳиявии озмун ташкилу баргузор гардид.

Ҳайати комиссияи даври ноҳиявии озмун нахуст аз китобхонаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳури Тоҷикистон дидан намуданд. Дар дастгоҳи марказии вазорат китобхонаи идоравӣ бо теъдоди умумии 2805 ташкил карда шудааст ва он ба таври мунтазам фаъолият дорад.

Дар Китобхонаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳури Тоҷикистон ҳамагӣ 981 адад китоб мебошад.

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳури Тоҷикистон барои кормандон китобхона бо теъдоди 1286 нусха китобҳои тозанашри адабиву бадеӣ таъсис дода шудааст.

Китобхонаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ҶСК «Шаҳрофар» дорои 1900 нусха китоб аст.

Китобхонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат соли 2022 кушода шуда, дорои беш аз 3000 номгӯйи китобҳои илмиву бадеӣ ва соҳавӣ мебошад.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"