image

Баррасии нуктаҳои Паёми Пешвои миллат дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

date_range05.01.2024, 09:10 chat_bubble_outline0 remove_red_eye269

Баррасии нуктаҳои муҳими паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тамоми соҳаҳо ва бахшҳои ҳаёти кишварро дар бар мегирад аз ҷониби намояндагони соҳаҳои гуногуни мамлакат оғоз гардид. Дар робита ба ин, дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо мақсади баррасии нуктаҳои муҳимми Паёми Пешвои миллат ва амалишавии нишондодҳои он ҳамоиш баргузор шуд.

Устодону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон зимни як ҷамъомад паҳлуҳои гуногуни Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таҳлилу баррасӣ намуданд.

Зимни ҷамъомад роҳбарияти Донишгоҳ Асрорзода Убайдулло Саттор афзуд, ки муайян намудани самтҳои фаъолият дар ҳама соҳаҳои кишвар, самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, роҳҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз самтҳои асосие буданд, ки дар паёми имсолаи пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардидаанд.

Таъкид гардид, ки роҳбари давлат дар паёми навбати худ рушди илму маорифро калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа арзёбӣ карданд.

Дар натиҷаи ғамхориҳои роҳбарияти олии сиёсии киавшар ва бо пайдо шудани зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми таҳсил дар соли 2023 дар ҷумҳурӣ 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

Зимни шарҳу тавзеҳи паём дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон масъулин пеши худ мақсад гузоштанд, ки дар фаъолияти минбаъдаи худ аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат истифода намуда дар рушду инкишофи низоми маориф ва омодасозии кардҳои ҷавобгӯ ба бозори меҳнат кушишу талоши бештар намоянд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"