Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МТМУ №72
Дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72-и ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрии гурӯҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ оид ба шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Бо мақсади шарҳи нуқтаҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Фирдавсӣ ҳамроҳ бо кормандони соҳаи маорифи дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72 бо сокинони маҳаллаҳои гуногуни ноҳия мулоқот доир намуданд.
Дар рафти мулоқот бо ишора ба дастуру вазифаҳои аз ҷониби Президенти мамлакат дар назди масъулин гузошташуда, аъзои гурӯҳ таъкид доштанд, ки бояд ҳар як шаҳрвандони мамлакат баҳри дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои ба миён гузошта шуда аснои ироаи Паёми навбатии Пешвои миллат, талош ба харҷ диҳад.
Зимни баромади иштирокчиён бо ишора ба паём зикр гардид, ки бояд ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ