image

Дар соли 2024 ба Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ ворид карда шуд

date_range05.01.2024, 10:04 chat_bubble_outline0 remove_red_eye542

Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2024 баргузор мегардад.

Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор карда мешавад. Дар ин самт Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани Озмуни мазкур муаззаф шудаанд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб баргузор шуда, мақсади озмун муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ мебошад. Дар соли 2024 ба Озмун номинатсия нав – оҳангсозӣ-бастакорӣ ворид карда шудааст.

Ба шарофати сулҳу субот ва рушди иқтисодиёти кишвар имрӯз миллатҳои гуногун, бахусус аз кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг, дар Тоҷикистон таҳсил ва кору фаъолият дошта, аз суруду мусиқии халқи тоҷик ва санъати тасвирӣ бархурдоранд. Ба ин хотир, дар Озмуни соли ҷорӣ шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил ё кору фаъолият доранд, метавонанд иштирок намоянд.

Бо дастури бевоситаи Пешвои миллат ба соҳибони Шоҳҷоиза ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми Озмун дар баробари мукофоти пулӣ, инчунин имтиёзҳои дигар низ пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, онҳо ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, тавассути барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ муаррифӣ мегарданд. Ғолибони даври ҷумҳуриявии Озмун метавонанд ба ихтисосҳои омӯзгории равияи санъати тасвирӣ ва мусиқии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус, миёнаи касбӣ ва олии касбии кишвар ба муҳлати се сол бе супоридани имтиҳон дар гурӯҳҳои ройгон дохил шаванд.

Ҳамчунин, мувофиқи дастури бевоситаи Пешвои миллат соли 2024 барои иштирокчиёни Озмун имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст, ки тибқи он довталабони даври ҷумҳуриявӣ (хонандагони синфҳои 9 ва 11) ба ихтисосҳои соҳаи фарҳанг ва ихтисосҳои омӯзгории равияи санъати тасвирӣ ва мусиқии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар бе супоридани имтиҳон ба гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"