Баррасии нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат дар Филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Левакант
Дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши навбатӣ, ки бахшида ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон доир гардид роҳбарият ва кормандони Донишгоҳ, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, фаъолони ҳизбии шаҳрӣ, омӯзгорону донишҷӯёни Филиали Донишгоҳ иштироки фаъол намуданд.
Ҳамоиши мазкур бо сухани ифтитоҳии муовини аввали ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Мирзоҳид Раҳимов оғоз гардид. Мавсуф доир ба муҳимият ва зарурати шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат ибрози андеша намуд.
Ҳамзамон дар идома қайд карда шуд, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш зикр карданд, ки рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад.
Сипас, тибқи барномаи ҳамоиши мазкур раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифат, профессори кафедраи ҳуқуқи Донишгоҳ ва дигар нафарон вобаста ба самтҳои мухталифи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуданд.
Шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои таркибии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон идома дорад.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ