Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф бо иштироки ҳайатҳо
8 январ дар шаҳри Теҳрон дар доираи сафари расмӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф мулоқот намуданд.
Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон самимона хайрамақдам гуфт.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ва пазироии самимӣ изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқоту музокироти ҳайатҳо доираи васеи масъалаҳои муҳимму афзалиятноки равобит ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки муколамаи сиёсии сатҳи олии Тоҷикистону Эрон дар таҳкими пайгиронаи муносибатҳо ва густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба нақши созанда доранд.
Ҷонибҳо нақш ва аҳаммияти парламентҳоро дар низоми муносибатҳои байнидавлатӣ хеле муҳим ва калидӣ ҳисобида, ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши робитаҳои байниҳамдигарӣ баён доштанд.
Имрӯз ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва дигар робитаҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро 200 санадҳои ҳамкорӣ ба танзим медароранд.
Дар ин робита фаъолияти самарабахши Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ махсус қайд гардид.
Ҷонибҳо бо таваҷҷуҳ ба мавҷудияти имконоти фаровони Тоҷикистону Эрон, ҳавасмандии худро ҷиҳати афзоиши муомилоти тиҷоратии миёни ду кишвар то 500 миллион доллар, таъкид намуданд.
Бинобар ин, татбиқи лоиҳаҳои муҳим дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, коркарди маъдан, кишоварзӣ ва сайёҳӣ бо ҷалби сармоягузориҳои муштарак ба нафъи ду ҷониб дониста шуд.
Зимни мулоқот ба масъалаи тавсеаи робитаҳои судманд дар бахшҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва фарҳанг таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ ва табодули донишомӯзон дар риштаҳои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва технологояҳои муосир, таъсиси корхонаҳои муштараки дорусозӣ, омода намудан ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи тиб, рушди бахши саёҳати офиятбахш, идомаи анъанаҳои неки равобити фарҳангӣ, аз қабили ташкили Рӯзҳои фарҳангӣ ва тадбирҳои ҳифзу нигаҳдошти забони тоҷикӣ-форсӣ аз самтҳои воқеии рушди ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ арзёбӣ гардиданд.
Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон, қазияи Фаластин ва дигар мавзӯъҳои рӯзномаи ҷаҳонӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар фарҷом, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Муҳаммадбоқир Қолибоф даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳанд.
Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Аз натиҷаи музокироти дуҷониба Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расид, ки ба тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ ва таҳкими пояҳои ҳуқуқии муносибатҳои ду кишвар равона карда шудааст.
Роҳандозии санади нави ҳамкорӣ имкон медиҳад, ки муколамаи созанда ва пайвастаи байнипарламентии Тоҷикистону Эрон дар сатҳу мазмуни баланд идома дода шаванд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ