Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот анҷом доданд.
Дар оғози суҳбат Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ паёми гарму самимонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ расонданд.
Дар мулоқот маҷмӯи доираи васеи масъалаҳои муҳимму афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла дар самти робитаҳои байнипарламентӣ баррасӣ гардид.
Бо қаноатмандӣ зикр карда шуд, ки имрӯзҳо робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн бомаром рушд ёфта истодаанд, ки дар пешбурди самараноки ин раванд мулоқоту тамосҳои доимии сатҳи олӣ ва баланд нақши муассир доранд.
Ҷонибҳо муҳиммияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангиро дар тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ изҳор доштанд.
Бо дарназардошти мунтазам афзоиш ёфтани ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистон ва Эрон, инчунин ба ҳадди то 500 миллион доллар расонидани ин нишондиҳанда, зимни гуфтушунид ба густариши ҳамкориҳо ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои ояндадори энергетика, нақлиёт, саноатҳои мошинсозӣ, хӯрокворӣ, маъданҳои кӯҳӣ, дорусозӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангӣ тавсеаи ҳамкорӣ дар самти таҳсилоти олӣ, пажӯҳиш ва фанноварӣ, табодули таҷриба миёни мутахассисони соҳаи тандурустӣ, равобити мустақими муассисаҳои тиббии илмии ду кишвар ва идомаи анъанаҳои ташкили рӯзҳои фарҳангӣ салоҳи кор дониста шуд.
Аснои суҳбат доир ба масоили ҳамкории ду кишвар дар арсаи байналмилаливу байниминтақавӣ, аз ҷумла дар атрофи вазъи Афғонистон ва Фаластин мубодилаи афкор сурат гирифт.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ