image

Ифтитоҳи синфхонаву озмоишгоҳҳо дар ДМТ

date_range09.01.2024, 10:34 chat_bubble_outline0 remove_red_eye289

Ифтитоҳи ду синфхонаи таълимӣ, Озмоишгоҳҳои таълимию табобатӣ ва ҳуҷраи безараргардонӣ барои кафедраҳои стомотологияи муолиҷавӣ ва стомотологияи ортопедия бо ҷарроҳии ҷоғу рӯй дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат сурат гирифт.

Зимни ифтитоҳи синфхонаю озмоишгоҳҳои нави таълимӣ ва синфхонаи камераҳои назоратӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода таъкид дошт, ки ин иқдом дар самти дуруст ба роҳ мондани корҳои таълимию методӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб мусоидати зиёд мекунад. Ҳамакнун донишҷӯёни ихтисоси дандонпизишкии факултети тиббии ДМТ имкон доранд, баробари донишҳои назариявӣ раванди кору фаъолияти бо дастгоҳу таҷҳизотро аз омӯзгорони худ ба хубӣ омӯзанд.

Синфхонаю озмоишгоҳи нави таълимӣ ва синфхонаи камераҳои назоратӣ бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ, аз ҷумла 6 дастгоҳи стоматологӣ бо курсии стоматологӣ, мизи кории табибон, визиограф барои ташхиси рентгенологии дандонҳо, автоклав барои безараргардонии асбобҳои стоматологӣ, ҷевони безараргардонии барқӣ, дистилятор ва ғайра таъмин мебошанд. Чунин шароити замонавӣ омӯзишӣ барои донишҷӯён имкон медиҳад, ки дар ҷараёни дарсҳои амалӣ бо нозукиҳои ихтисоҳои интихобкардаи хеш бештар ошно гарданд.

Ба муносибати ифтитоҳи марказҳои омӯзишӣ бо иштирокчи донишҷӯёну омӯзгорон ҷамъомад баргузор гардида, роҳбарияти ДМТ рӯи даст гирифтани ин иқдомро дар самти татбиқи ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” муҳим маънидод карданд.

Таъкид шуд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар меҳвари сиёсати худ қарор дода, барои таъмини солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани хизматрасониҳои тиббӣ таваҷҷуҳи хоса медиҳад.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"