Баргузории Озмуни шаҳрии «Ихтироъкорони ҷавон» дар шаҳри Душанбе
Озмуни шаҳрии «Ихтироъкорони ҷавон» бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву трехнология, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дигар ин самтҳо ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунии наврасон мебошад.
Дар озмуни навбатӣ таълимгирандагони Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳияҳои пойтахт ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Гуфта мешавад, ки аъзои маҳфилҳои эҷодиву техникии марказҳои иловагии таҳсилот дар озмун бо пешниҳоди лоиҳаҳои ихтироъкорӣ ширкат карданд.
Озмун аз рӯи номинатсияҳои Моделсозӣ, Радиоэлектроника, Робототехника ҷараён гирифт. Иттилоъ дода шуд, ки иштирокчиёни озмун вобаста ба номинатсияҳои моделсозӣ, радиоэлектроника, робототехника лоиҳаҳои эҷодии дорои хусусияти ихтироъкорӣ ва навоваридоштаро пешниҳод, муаррифӣ ва ҳимоя менамоянд.
Дар самти моделсозӣ - сохтани моделҳои ҳаҷман хурд аз руйи шахси воқеии объектҳои мавҷуда, омӯзиш ва пешниҳоди таркиби лоиҳа ва хусусиятҳои сохти он, радиолэлектроника - пешниҳоди дастгоҳ ва ё таҷҳизоти худсохт барои гузаронидани таҷриба оид ба раванди ирсол, қабул ё табдили маълумот бо истифодаи энергияи электромагнитӣ,т техникаи инфасурх, оптикаи электронӣ ва ғайра, робототехника - пешниҳоди модели техникаҳои маишии автоматикунонидашуда, омӯзиш ва пешниҳоди маълумотномаи он бо дарназардошти хусусиятҳои навоваридошта аз ҷумлаи шартҳои ин озмун ба ҳисоб меравад.
Мавриди зикр аст, ки ғолибони озмун аз руи ҷамъбасти ҳолҳо муайян карда мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки ғолиби озмун бо Диплом ва тӯҳфаҳои таъсиснамудаи МД «Маркази кӯдакон ва наврасони ш.Душанбе» дар вазъияти тантнавӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ