Дар шаҳри Душанбе вобаста ба шарҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар толори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе доир ба шарҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиш доир гардид.
Дар ҳамоиши ҳизбиёни ноҳияи Исмоили Сомонӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликзода, роҳбарият ва кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар раванди чорабинӣ ширкатдорон доир ба нақшаи чорабиниҳо оид ба таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023, дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2023 баромад намуданд.
Дар Паёми Президенти маҳбуби мамлакат таъкид гардид, ки равандҳои геополитикӣ то ҳанӯз ниҳоят мураккаб боқӣ мондаанд ва онҳо ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Дар Паёми худ Пешвои миллат ба масъалаи суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, иброз доштанд, ки дар солҳои минбаъда вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ мебошад ва ин масъалаҳо аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок дониста шуданд.
Дар ҳамин ҳошия, таъкид гардид, ки мо бояд аз технологияи муосири ҷаҳонӣ истифода бурда, аз қатораи босуръати ҷаҳонӣ ақиб намонем, хулоса шуд дар идомаи ҳамоиши ҳизбиёни ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ