Паём ва аҳмияти он дар рушди давлатдорӣ - шарҳи нуктаҳои асосии он бо ширкати ҳизбиёни н.Сино
Танҳо дарки муносиби муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» метавонад асосҳои захиравии ҷомеаро барои баромадан ба сатҳи нави рушду пешрафт бар зидди буҳронҳои шадиди ҷаҳони имрӯза равона намояд. Аз ин рӯ, зарурати омӯзишу таблиғи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеияте аст, ки метавонад ба манфиати афзудани қудрати ҷавобгӯйи муносиби ҷомеаи тоҷик ба тамоюлоти на ҳама вақт пурра пешбинишавандаю ҳассоси замони муосир хизмат намояд. Ин нуқта қайд гардид зимни суханронии Раиси Кумиитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар ҷамъомаде, ки бахшида ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат ба мақоми қонунгузори кишвар ироа гардида буд.
Гуфта шуд, ки дар ибтидои суханронии худ Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд. Ва чандин маротибаи дигар дар Паёми худ иброз доштанд, ки тамоми дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар маҳз тавассути меҳнату заҳмати бедареғи мардуми кишвар ва пуштибонии мардум аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат сарчашма мегирад.
Маврид ба зикр аст, ки дар чорабинии ҳизбиёни ноҳияи Сино намояндагон аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизби, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино фаъолона ширкат варзиданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ диди хеле амиқ ва ҳаматарафа санҷидашуда доир ба таҳлили вазъи мавҷудаи ҳаёти ҷомеа ва пешбинии самти инкишофу пешрафти он барои солҳои минбаъда ҷой дода шудааст.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ