image

Рӯнамоии китобномаи адабиётшинос Аламхон Кӯчарзода дар Китобхонаи миллӣ

date_range12.01.2024, 10:43 chat_bubble_outline0 remove_red_eye316

11-уми январ бо ташаббуси шуъбаи библиографияи миллии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» рӯнамоии китобномаи адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ Аламхон Кӯчарзода доир гашт.

Дар чорабинии рӯнамоии маҷмӯаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолии Амламхон Кӯчарзода олимону шоирон, намояндагони васоити ахбори омма ва кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии роҳбарияти Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Зикр шуд, ки аз оғози фаъолияти китобхона то ба имрӯз диққати асосӣ ба библиографияи тоҷик, махсусан дар омода ва таҳия наумдани дастурҳои библиографӣ, хизматрасонии библиографӣ дода мешавад. Китобхонаи миллӣ ҳамчун маркази библиографӣ барои тамоми китобхонаҳои ҷумҳурӣ дастурҳои методию тавсиявӣ, дастурамалҳо вағайраҳо омода ва таҳия менамояд.

Дар чорабинӣ инчунин доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдулҳай Маҳмадаминов, Шоири халқии Тоҷикистон Рустами Ваҳҳоб ва дигар олимону коршиносон суханронӣ намуданд.

Бояд қайд кард, ки маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолии Аламхон Кӯчарзода номгӯи осори илмӣ, илмӣ-оммавӣ, илмӣ-методӣ, таълимӣ, бадеӣ ва адабиёти марбут ба зиндагиномаю фаъолияти илмиву пажӯҳишии Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дорандаи ордени «Дӯстии ҳалқҳо», адабиётшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филолгӣ, профессор Аламхон Кӯчарзодаро дар бар мегирад.

Дар идомаи маросими рӯнамоии маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолии Амламхон Кӯчарзода миёни иштирокдорон табодули афкор сурат гирифта, меҳмонон назару андешаҳои худро дар робита ба осори Аламхон Кӯчарзода баён доштанд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"