image

Барориши сарвақтии партовҳо дар шаҳри Душанбе

date_range12.01.2024, 11:06 chat_bubble_outline0 remove_red_eye314

Ҳамарӯза аз нуқтаҳои муваққатии партовҷамъкунӣ бо истифодаи техникаҳои коммуналӣ аз ҷониби кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Муассисаи партовкашонӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ партовҳои ҷамъшуда бароварда мешавад.

Тавре масъулини ин корхонаи коммуналии ноҳияи Исмоили Сомонӣ иттилоъ доданд, ин амал мунтазам амалӣ карда мешавад, то ки тозагии муҳити зист таъмин бошад. Инчунин тадбирҳои ободониву тамизкорӣ дар атрофи нуқтаҳои мувақаттии партовҷамъкунии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мунтзам анҷом дода мешавад.

Тавре мушоҳида гардид, дар аксари нуқтаҳои муваққатии партовпартоии ноҳияи И.Сомонии пойтахт вазъи мусоиди экологӣ ва санитариву гигиенӣ таъмин гардидааст. Дар бисёр нуқтаҳои партовпартоӣ воситаҳои нақлиёти сокинон боиси халалдор гардидани фаъолияти кормандони соҳа мегардад. Зеро истиқоматкунандагони биноҳои шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт воситаҳои нақлиёти худро назди нуқтаҳои партовҷамъкунӣ мегузоранд. Аз ин рӯ барои фаъолияти доимии техникаҳои коммуналӣ монеа эҷод мегардад.

Аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки воситаҳои нақлиёти худро дар ҷойҳои муайян ё таваққуфгоҳҳо гузоранд. Сокинон дар самти риояи одоби шаҳрнишинӣ бояд партовҳоро ба ҷойҳои муайян гузоранд. Корхонаҳои соҳавӣ, бахусус муассисаҳои партовкашониро низ зарур аст, ки дар доираи фаъолияти ҳамарӯзаи худ барориши партовҳои сахти майиширо бо истифодаи техникаҳои мавҷуда таъмин намоянд ва ҳамин тавр барои тозаву озода нигоҳ доштани шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт саҳм гузоранд. Зеро масъалаҳои экологӣ ва беҳдошти ҳифзи муҳити зист дар пойтахт зери таваҷҷуҳи пайвастаи сохторҳои марбута қарор дорад.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"