image

Дастоварди нахустини хонандагони тоҷик аз олимпиадаи байналмилалӣ дар соли 2024

date_range15.01.2024, 16:13 chat_bubble_outline0 remove_red_eye326

Дастоварди нахустини хонандагони тоҷик аз олимпиадаи байналмилалӣ дар соли 2024. Ин навбат хонандагони тоҷик бо иштироки фаъолона дар олимпиадаи байналмилалии Жаутиков дар Ҷумҳурии Қазоқистон соҳиби 10 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Дар ин олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро дар миёни 600 намоянда аз 16 кишвар, аз ҷумла Қазоқистон, Булғористон, Арманистон, Белорус, Русия, Қирғизистон, Гурҷистон, Сербия, Ҳиндустон ва Руминия дар маҷмӯъ 40 хонанда муаррифӣ намуда, бо касби 10 ҷойи ифтихорӣ ба Ватан баргаштанд.

Хонандагони тоҷикро дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе масъулони Вазорати маориф ва илм, намояндагони таълимгоҳҳо, омӯзгорон ва наздикону пайвандон истиқол гирифтанд.

Жаутиков - олимпиадаи байналмилалии бонуфузест, ки 20 сол боз аз рӯи 3 фан, физика, математика ва технологияи иттилоотӣ баргузор карда мешавад. Ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ тайи се соли охир бинобар сабаби вазъи эпидемилогӣ тариқи фосилавӣ сурат мегирифт. Ду нафар ғолиби олимпида хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе мебошанд.

Ба гуфти масъулон ғалабаи 10 хонандаи тоҷик дар таърихи ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ дастоварди беназир дониста мешавад. Ғамхориҳои доимии Ҳукумати мамлакат нисбат ба наврасону ҷавонон имкон додааст, ки хонандагони тоҷик бо иштироки фаъолона дар ингуна чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ пешсафии кишвари моро дар соҳаи илмҳои дақиқ муаррифӣ намоянд.

20-умин олимпиадаи байналмилалии Жаутиков аз 8-ум то 13-уми январ дар Мактаби миллии физикаю математикаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардида, аз 4500 дархости пешниҳодгардида барои иштирок дар он танҳо 600 хонанда ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Бино ба таъкиди дастандарткорон ҳадаф аз ташкилу роҳандозии олимпиада фароҳам овардани шароити мусоид барои кашфи истеъдодҳои нав, рушди минбаъдаи зеҳнӣ ва муайянсозии самти касбии онҳо, паҳн ва оммавӣ гардонидани донишҳои физикӣ, математикӣ ва технологияи иттилоотӣ дар миёни ҷавонон, инчунин рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф мебошад.

Қандил Мардонов 

"ТВ Душанбе"