Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ доир шуд
Дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ, бо иштироки сардори Раёсат генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, Раиси Шӯрои собиқадорони ВКД, раиси Шӯрои ҷангу меҳнат ва собиқадорони шаҳри Душанбе, ва раисони собиқадорони шаҳру вилоятҳои кишвар ширкат намуданд.
Зимни баргузории ҷаласаи Шӯрои собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ, ки дар толори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе доир карда шуд нахуст сардори мақомоти милитсияи пойтах, баъзе аз нуқтаҳои Паёми Пешвои муаззами миллатро шарҳу тавзеҳ дода, таъкид намуд, ки воқеан бо мақсади баланд бардоштани савияи ҳуқуқии шаҳрвандон аз малака ва таҷрибаи бойи собиқадорон истифода намудан, ниҳоят ба маврид ва самаронок аст. Зеро ҳар яке аз собиқадорон худ мактаби бузурги пур аз донишу таҷриба ва шуҷоату мардонагӣ ба шумор рафта, дар тӯли солҳои зиёди фаъолияти корӣ дар вазифаҳои гуногуни пурмасъулият аз иҷрои уҳдадориҳои сахту сангини хизматӣ бо сарбаландона баромадаанд.
Мавсуф ҳамзамон зикр намуд, ки мақомоти милитсия ҳамеша талошу заҳматҳои собиқадоронро пос дошта, аз малака ва таҷрибаи кории онҳо барои беҳбудии фаъхоллият ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандони ҷавони милитсия истифода менамояд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ