image

Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат дар маҷлиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

date_range17.01.2024, 11:37 chat_bubble_outline0 remove_red_eye292

Дар кори маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе муовини Раиси Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода, раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, муовини Раиси шаҳри Душанбе Сиҷоуддин Саломзода, аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, кормандони масъули кумитаҳои иҷроияи шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб, раисони якқатор кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва намояндагони Васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Дар маҷлис нахуст гузориши раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фатолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар соли 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбада, тасдиқи Нақша-чорабиниҳо оид ба таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ", аз 28-уми декабри соли 2023, дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон аз 8-уми декабри соли 2023 ва тасдиқи Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халкии Демократии Точикистон дар шаҳри Душанбе барои нимсолаи якуми соли 2024 ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар идома вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода нуқтаҳои Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакатро тавзеҳ дод.

Мавсуф иброз дошт, ки Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон агар аз як тараф, аз аҳамияти хосса касб намудани Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шаҳодат диҳад, аз ҷониби дигар, ифодакунандаи нуқтаи назари Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ба рушди самтҳои стратегии давлат дар ояндаи наздику дур мебошад. Паём ҳамчун ҳуҷҷати барномавии давлатӣ, ки сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати мамлакатро дар бар мегирад, дар маркази диққати аҳолии мамлакат қарор дорад.

Дар фарҷом роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе роҳбарони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои пойтахтро барои тарғибу ташвиқи ғояҳои оинномавию барномавии Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон, ба таври густурда паҳн ва интишор намудани иттилооти ҳизбӣ, муташаккилона ба роҳ мондан ва иҷрои саривақтии нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Мароми пойтахт” бо диплом ва фаъолони ҳизб бо ифтихорнома қадрдонӣ намуданд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"