Шарҳи Паём дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 28 декабри соли 2023 доир гардида буд, дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мизи гирд доир гардид.
Дар мизи гирд оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбтии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ роҳбарият ва масъулини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқшиносон ва дигар намояндагон иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ иштирокчиён изҳор доштанд, ки Сарвараи давлат зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Ҳоло дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020 – 2030 амалӣ шуда истодааст.
Масъалаи дигари муҳим, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши калидӣ дорад, таъмини волоияти қонун буда, он меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.
Қайд шуд, ки суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, аҳли заҳмати гуногункасб шиори ҳамешагии худ қарор медиҳанд ва гуфтаҳоро аз Паёми Президенти мамлакат, ки тимсоли ҳуҷҷати камназири давлатсозӣ мебошанд, сидқан ва самимона қабул ва онро ба таври ҳамешагӣ дар амал татбиқ менамоянд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ