Дар МТМУ №77-и ноҳияи Фирдавсӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳи паёми Президенти кишвар мулоқот доир гардид
Бо мақсади шарҳу тавзеҳи паёми Президенти кишвар ва дар амал татбиқ кардани қонуну қарорҳои амалкунанда ҳамчунин тарбияи дурусти фарзанд, маданияти шаҳрнишинӣ дар МТМУ рақами 77-и ноҳияи Фирдавсӣ мулоқот доир гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони МИҲД-и ноҳияи Фирдавсӣ ба аҳли ҷамоатчигии атрофи муассисаи мазкур вазифаву роҳнамоиҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида, мавзуҳои дар паём дарҷ гардидаро баррасӣ намуданд.
Зимни суханронӣ аз иштирокдорон даъават шуд, ки дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат таълиму тарбияи насли наврасро чӣ дар муҳити хона ва чӣ дар мактаб тезонида, бо ин роҳ дар ҳалли мушкилоти кадрҳои кордону ботаҷриба ҳиссаи арзанда гузоранд.
Дар идомаи чорабинӣ доир ба масъалаҳои риояи одоби шаҳрнишинӣ пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ, бемориҳои сироятӣ тероризму ифротгароӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони пойтахт сухан рафт.
Суханони Пешвои миллат моро водор месозад, ки ба баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии мамлакат, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ тарбия намоем. Наврасону ҷавононро бояд ба анҷом додани ободкорию созандагӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ омода созем. Ҳар фарди соҳибхиради Тоҷикистон бояд бо дарки баланди ватандорӣ дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, баҳри пойдории сулҳу субот талош намоянд.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ