image

Баргузории даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Доноякон» дар ноҳияи Сино

date_range17.01.2024, 15:14 chat_bubble_outline0 remove_red_eye244

Дар муассисаи томактабии рақами 98-и ноҳияи Сино даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Доноякон» бо ширкати тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии ин ноҳияи шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Бо мақсади рушди муассисаҳои томактабӣ ва беҳтар ташкил намудани раванди омӯзиш дар зинаи таҳсилоти томактабӣ аз ҷониби сохтору мақомоти гуногун дар баробари барномаи таълимӣ ва машғулиятҳои соҳавӣ инчунин озмуну маҳфилҳои гуногун созмон дода мешавад, ки мақсади он сайқали донишу маҳорати кӯдакону наврасон мебошад. Аз ҷумлаи тадбирҳои назаррас дар ин самт ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии «Доноякон» дар шаҳри Душанбе мебошад, ки ҳоло даври ноҳиявии он ҷараён дорад.

Озмуни шаҳрии «Доноякон» барои тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳияҳои пойтахт дар заминаи нақша-чорабиниҳои таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст.

Зимни даври ноҳиявии озмун дар ноҳияи Сино гуфта шуд, ки он баҳри ташаккули инкишофи ҷисмонӣ, зеҳнӣ, ахлоқӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабӣ бо назардошти қобилият, шавқу рағбат ва хусусиятҳои фардии кӯдакон муосидат менамояд. Озмун дар заминаи шартҳои низмонома ҷараён гирифт.

Донистани афсонаҳои гуногун, муайян намудани мазмуни расми пешниҳодгардида, қироати шеърҳо дар васфи Ватан, оила фаслҳои сол ва ғайра, номбар намудани калимаҳо ба овозҳои садоноку ҳамсодоҳо, аз 3 то 6 калима сохтани ҷумлаҳо, ба тартиб шуморидан аз адади 1 то адади 20 ва баръакс, тасаввуроти кӯдакон дар бораи ҳалли муаммоҳои арифметикӣ, кашидани расм тибқи супориш аз ҷумлаи шартҳои озмун буд, ки ширкатдорони он дар нази ҳакамон иҷро намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар озмун аз ҳамаи муассисаҳои томактабии ҳудуди ноҳияи Сино як нафарӣ ғолибони даври муассисавӣ иштирок менамоянд. Дар натиҷаи ғолибон ва иштирокчиёни фаъол аз ҷониби доварон муайян гардида, барои ширкат дар даври шаҳрӣ роҳхат мегиранд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"