image

Ҷаласаи васеи Шӯрои собиқадорон оиди омӯзиши Паёми Пешвои миллат

date_range18.01.2024, 10:37 chat_bubble_outline0 remove_red_eye350

Дар толори Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи Шӯрои собиқадорон ва фаъолон оиди омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир карда шуд.

Зимни ҷаласаи навбатӣ ҳозирин сухан карда, иброз доштанд, ки Пешвои миллат ҳамасола дар Паёмҳои хеш ба Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолии кишвар маоши вазифавии кормандони сохторҳои гуногун ва нафақахӯронро ба қадри имкон баланд мебардорад, ки ин ҳам бошад аз ғамхориҳои роҳбари давлат нисбат ба сокинони кишвар гувоҳӣ медиҳад.

Чун дигар Паёмҳо Пешвои миллат дар Паёми навбатияшон низ ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур доданд, ки аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда шаванд.

Ҳамзамон ҳозирин қайд карданд, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат яке аз ҳидоятҳои асосӣ ин буд, ки ҳар фард ба Ватан-Модар бояд содиқона хизмат намояд ва ба давлату миллат хиёнат накунад.

Яъне, имрӯз ҳар фарди соҳибтафаккур бояд дарк намояд, ки давлати Тоҷикистон арзишмандтарин дастоварди миллат аст ва хиёнат ба ин дастовард бузургтарин ҷиноят ба ҳисоб меравад. Дар идома дигар иштирокдорони низ вобаста ба дигар нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат маърӯза карданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"