image

Идомаи даври шаҳрии озмуни китобхонаи беҳтарин дар пойтахт

date_range18.01.2024, 11:22 chat_bubble_outline0 remove_red_eye385

Бо ташаббуси Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 15-ум то 18-уми январи соли равон миёни вазорату кумита, ташкилотиу муассиса, шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе даври шаҳри Озмуни Китобхонаи беҳтарин баргузор карда мешавад. Дар рӯзи сеюми баргузории озмун ҳайати ҳакамон ва комиссияи озмун аз китобхонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ боздид намуданд.

Озмуни шаҳрии "Китобхонаи беҳтарин" бо мақсади эҳё ва рушди фаъолияти китобхонаҳои мактабӣ, бедор намудани ҳисси масъулият нисбат ба эҳтироми китоб, завқи китобхонӣ, эҳтиёт намудани китоб, китобдӯстӣ, зебоипарастӣ, завқи эстетикии хонандагон баланд бардоштани сатҳи тарбияи онҳо ташкил карда мешавад.

Озмуни «Китобхонаи беҳтарин» бо мақсади мустаҳкам намудани пойгоҳи моддӣ-техникии китобхонаи мактабӣ, ғанӣ гардонидан ва таъмин намудани онҳо бо миқдори зарурии адабиёти бадеӣ ва бачагона роҳандозӣ гардида, ҳамзамон баҳри баланд намудани нуфузи китобхона ҳамчун ҷузъи муҳим ва ҷудонашавандаи раванду таълиму тарбия нигаронида шудааст. Ҳайати ҳакамони даври шаҳрии омзмун дар ин рӯз аз китобхонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд. Бино ба иттилоъи кормандони китобхона дар ин ҷо баҳри донишҷӯён ва дигар алоқамандону дӯстдорони китоб асарҳо бо фарогирии 3 забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҳайати ҳакамот зимни натиҷагирии озмун бештар ба низомнома, шиноснома, нақшаи кории китобхона, дастурамалаи вазифавӣ, рӯзномаи кории китобдор, китобҳои инвентарӣ ва умумӣ, шумораи толорҳои хониш, баромадан ба шабакаи иттилоотии интернет, таҷҳизоти техникӣ, намоиши китобҳои нав ва китобҳои фаромӯшшуда, таҳияи лавҳаи китобхонавӣ: роҷеъ ба китобҳо, шеърҳову порчаҳои ба мавзӯи Тоҷикистон бахшидаи адибон, таъмиру тармим ва тозагии китобхона, ташкил намудани мусобиқаи китобхони байни хонандагони мактаб ва натиҷаи он эътибори махсус зоҳир менамоянд. Бояд қайд кард, ки Китобхонаҳои беҳтарине, ки нисбатан ба холҳои баланд сазовор мегарданд, ғолибони озмун дониста шуда, бо дипломҳо ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда мешаванд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"