image

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсолии «Олами Абрешим»

date_range19.01.2024, 11:15 chat_bubble_outline0 remove_red_eye381

Санаи 18-уми январ дар хиёбони Ҷаббор Расулови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои наву замонавии корхонаи истеҳсолии «Олами абрешим» маврди истифода қарор дода шуд, ки дар рафти ифтитоҳи он муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ширкат намуданд. Тавре гуфта шуд корхонаи истеҳсолии «Олами Абрешим» бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, тақвияти неруи содиротии мамлакат, то коркарди ниҳоӣ расонидани ашёи хоми ватанӣ бунёд шудааст.

Дар ин корхонаи истеҳсолӣ 3 дастгоҳи бофандагии истеҳсоли Олмон ва Белгия насб гардидааст. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ то 1500 метри мураббаъ матоъи курпача ва болишт дар як шабонарӯз мебошад. Айни замон дар ин корхона 20 нафар, ки аксари онҳо занону бонувон мебошанд, ба кор ҷалб гардидаанд. Маҳсулоти хом ба ин коргоҳ аз корхонаҳои истеҳсолии мамлакат аз чумла Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” ворид карда шуда, риштаи ранга то марҳилаи ниҳоӣ коркард мегардад, ки дар натиҷа курпача ва болиштҳои зебову хуштарҳри босифат истеҳсол мешавад. Ҳоло маҳсулоти истеҳсолнамудаи ин корхона ба бозору марказҳои савдои пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод шуда, харидорони худро дорад. Корхонаи саноатӣ бо таҷҳизоту технологияи муосири истеҳсоли кишварҳои аврупоӣ муҷаҳҳаз шуда, дар он дар баробари коргоҳҳои ресандагиву бофандагӣ инчунин коргоҳи дӯзандагӣ низ таъсис дода шудааст.

Корхонаи мазкур дар масоҳати бештар аз 1500 метри мураббаъ бунёд шуда, аз 3 ошёна ва таҳхона иборат аст. Дар коргоҳи ресандагиву бофандагӣ 8 нафар мутахассисон ва ҷавононии лаёқатманд, ки дар Ҷумҳурии Туркия ба таҷибаомӯзӣ машғул буданд, бо ҷойи кори доимӣ дар ду баст таъмин гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки минбаъд бо васеъ намудани хати истеҳсолии корхона боз 3 адад таҷҳизоти ресандагиву бофандагӣ ворид гардида, шумоари кормандони он то ба 100 нафар расонида хоҳад шуд. Дар ошёнаи аввали бино мағозаи фурӯши кӯрпачаву болишт ва қолинҳо низ ташкил шудааст. Инчунин корхона имкон дорад, ки фармоиши мизоҷонро низ қабул намояд. Масъулон коргоҳ нақша доранд, ки дар баробари таъмини талаботи сокинони пойтахт ва ҷумҳурӣ, содироти масҳсулотро ба хориҷи кишвар низ роҳандозӣ намоянд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"