image

Ҷиҳати омӯзиши Паёми Пешвои миллат дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҳамоиш баргузор шуд

date_range19.01.2024, 11:54 chat_bubble_outline0 remove_red_eye326

Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дастурамали босамари фаъолияти давлат ва ҷузъи муҳими стратегияи давлатдорӣ дар самти сиёсати дохилию хориҷӣ маҳсуб мешавад. Он доираи фарохи масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангиро дар бар гирифта, самти фаъолияти давлатро барои солҳои оянда муайян менамояд. Ҷиҳати омӯзиши ин санади раҳнамунсоз дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд.

Дар чорабинӣ роҳбарияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои зертобеи Кумита иштирок варзида, перомуни аҳамияти банду нуқтаҳои паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунбарори кишвар ибрози андеша карданд. Бо ёдоварӣ аз таъкидоти Пешвои миллат зимни ироаи Паёми солона нисбат ба фаъолияти сохтмончиёну меъморон, Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода зикр дошт, ки дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи кори ҳар нафар аз кормандони сохтор буда, ҷиҳати иҷрои нишондодҳои ин санади раҳнамунсоз тамоми саъю талошҳо равона хоҳанд гардид.

Дар чорабинӣ иштирокчиён татбиқи нишондодҳои ин ҳуҷҷатро барои расидан ба ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муфид шумориданд. Ба андешаи ширкаткунандагон тасмимҳои Сарвари давлат, ки дар Паёми имсола ирсол гардиданд, воқеан хам ба боло бурдани сатҳи рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, афзуннамоии теъдоди корхонаҳои истеҳсолӣ, ҷойҳои корӣ ва маошу нафақа, хосатан ба рушду нумӯи ҷомеа, соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва некӯаҳволии шаҳрвандони кишвар нигаронида шуда, он барои ташаккули ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

Зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ бо таҳлили нишондодоҳои иқтисодиву иҷтимоӣ соли сипаригардидаро барои мардуми шарафманди кишвар соли неку бобарор арзёбӣ намуданд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"