image

Таҷлили Рӯзи касбии кормандони Хадамоти гумрук дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

date_range23.01.2024, 10:04 chat_bubble_outline0 remove_red_eye384

Бахшида ба рӯзи таъсисёбии Мақомоти Гумрук, ки аз соли 1992 инҷониб ҳамасола дар кишвар саннаи 22-юми январ ҳамчун рӯзи гумрукчиён ҷашн гирифта мешавад дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон низ бо иштироки устодону донишҷӯён ва меҳмонон аз Хадамоти Гумруки кишвар таҳти унвони “Нақши мақомоти гумрук дар амалисозии Стратегияи рушди “Иқтисоди сабз” ҳамоиш доир гардид.

Зимни ифтитоҳи ҳамоиши навбатӣ роҳбарияти донишгоҳ сухан карда зикр намуданд, ки имрӯз мақомоти гумрук ба як воситаи муҳими татбиқи сиёсати иқтисодии кишвар ва инистути муқтадири таъминкунандаи амнияти иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию иҷттимоӣ мубадал гардидадааст.

Зикр гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ барои ташаккулу пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла соҳаи гумрук шароит ва имконияти мусоидро дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат фароҳам овард. Ҳарчанд фаъолияти мақомоти гумрук дар заминаи сохтори замони шуравӣ бунёд гардида бошад ҳам, он дар даврони Истиқлолият тадриҷан зинаҳои такмили заминаи қонунгузорӣ, ба фаъолият шуруъ намудани шабакаи ягонаи байналмилалӣ, бунёди сиёсати мустаҳками сарҳадоти гумрукӣ, ба роҳ мондани воситаҳои техникии назорати гумрукии боэътимод, ташкили назорати ба пояи меъёрҳои ҳуқуқиву иқтисодии асосноки гумрукӣ ва ғайраро тай намуда, дар айни замон ба яке аз соҳаҳои ниҳоят муҳимми мамлакат табдил ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти гумрук мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ буда, ҳимояи истиқлолият, амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ҳангоми интиқол додани мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"