Истиқболи ҷашни Сада дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Сада аз ҷашнҳои қадим ва маъруфи мардуми тоҷик аст, ки дар радифи Наврӯзу Меҳргон ва Тиргон қарор дошта, дар замони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҷё ва дар ҷомеаи мо умри дубора ёфт.
Дар чорабинии ҷашнии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, масъулини вазорату идораҳои давлатӣ ва намояндагони сохтору мақомоти марбутаи дигар ширкат намуданд. Омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷашни Сада ҳамчун рамзи истиқболи фасли нуру гармӣ, некиву саховатмандӣ, сарҷамъиву ваҳдат дар густариши корҳои ободониву созандагӣ бо намоиши дастовардҳо дар самту соҳаҳои гуногун ва баргузории як ҳамоиши илмӣ истиқол намуданд.
Пайдоиши ҷашни Сада ба рушди пешаи кишоварзӣ марбут буда, ба иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат алоқаманд аст ва яке аз воситаҳои таблиғу ташвиқи корҳои деҳқониву боғдорӣ маҳсуб меёбад. Панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз таҷлил гардидани Сада мардумро водор месозад, ки ба истиқболи ин ҷашни байналмилалӣ ва киштукори баҳорӣ омодагии ҳаматарафаро вусъат бахшанд.
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода дар оғози ҳамоиши имлӣ ба ифтихори ин ҷашни миллӣ, аз ҷумла таъкид дошт, ки Сада баъди гузашти асрҳои зиёд дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гашт ва дар ҷомеаи мо умри дубора ёфт ва ба Феҳристи мероси ғайрмоддии башарият ворид гардидани он мояи ифтихору сарбаландии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Сада таҷассуми ғояҳои неки башардӯстона буда, мардумро ба дӯстиву бародарӣ ва заҳмату ободкорӣ даъват менамояд.
Дар идомаи ҳамоиши имлии омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дигар иштирокчиён баромад намуда, оид ба фалсафа ва моҳияити ҷашни Сада ибрози назар намуданд. Тавре таъкид гардид, Сада куҳантарин ҷашни мардуми ориёитабор ва ё куҳантарин ҷашни ҷаҳон буда, расму ойинҳои он одамонро пеш аз ҳама ба амалҳои хубу писандида, аз ҷумла рафтору гуфтори нек, эҳтироми ҳамдигар, анҷоми амалҳои хайру сахо, дӯст доштани табиат ва амсоли ин ҳидоят мекунад. Эҳё ва умри дубора пайдо намудани Сада дар замони истиқлолият барои таҷлили бошукӯҳи он замина гузошта, он дар радифи дигар ҷашнҳои миллӣ ба қонунгузории мамлакат ворид гардид.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ