Механизмҳои муосири ташаккули маърифати ҳуқуқии аҳолӣ: ҳолати кунунӣ ва дурнамо
Муҳимтарин роҳи ташаккули сатҳи фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон дар замони муосир, ин баланд бардоштани маърифатнокии онҳо ва истифодаи имкониятҳо дар ҷустани чораҳои ҳуқуқӣ ҳангоми танзими низоъҳои ҷамъиятӣ мебошад. Дар натиҷа тафаккури ҳуқуқии ҷомеа ташаккул ёфта, дар навбати худ нигоҳи ҷомеаи Тоҷикистонро куллан тағйир медиҳад. Аз ин лиҳоз, тарбияи ҳуқуқӣ ва тарбияи кадрҳои ҳуқуқӣ ҳамчун шарти баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ ва механизмҳои ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҳаррузаи ҷомеа бояд яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифатнокии ҳуқуқӣ гардад.
Ҳамзамон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеаро ба инобат гирифта, соли 2024-ро дар мамлакат “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд, ки мақсади он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад.
Дар ҳошияи ин пешниҳод дар толори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Механизмхои муосири ташаккули маърифати ҳуқуқии аҳолӣ: ҳолати кунунӣ ва дурнамо» мизи мудаввари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор карда шуд.
Дар ҳамоиши илмӣ коршиносон, ходимони илмӣ ва ҳуқуқшиносон аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва якқатор Донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар ширкат варзида, бо маърӯзахо баромад намуданд. Зимни баромаде иштирокдорон, масоили мубрами механизмхои ташаккул ва рушди маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, роҳҳои амалинамоии тадбирхо ҷиҳати тақвияти риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқи, воло нигоҳдории ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун рукни меҳварии давлати ҳуқуқбунёд, талқин намудани арзишҳои умумиинсонӣ вобаста ба тақвияти сатҳи ҷаҳонбинии аҳолии кишвар ва василаҳои огоҳнамоии ҳар як узви ҷомеаи кишвар ба муқарроти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ карда шуданд.
Бояд гуфт, ки Президенти кишвар зимни ироаи Паёми навбатӣ ба тамоми сохтору мақомоти давлатӣ дастур доданд, ки бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. Амалӣ намудани меъёрҳои сарқонун ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу суботро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисоди кишварро таъмин ва барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда муҳайё созем.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ