image

Баргузории «Ҳафтаи ихтироъкорӣ ва навоварии кӯдакону наврасон» дар ноҳияи Фирдавсӣ

date_range24.01.2024, 15:00 chat_bubble_outline0 remove_red_eye342

Ёдовар мешавем, ки санаи 17 то 23 январи соли 2024 дар шаҳри Душанбе «Ҳафтаи ихтироъкорӣ ва навоварии кӯдакону наврасон» баргузор гардид. Ин чорабинӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72-и ноҳияи Фирдавсӣ низ бо ибтикори шуъбаи маорифи ноҳия дар як сатҳи хуб роҳандозӣ гардид.

Ҳафтаи мазкур бо мақсади дар амал тадбиқ намудани 20-солаи омӯзиши фанҳои табии дақиқ ва риёзӣ, ки солҳои 2020 ва 2040-ро дарбар мегирад, ҷараён гирифт. Тавре маълум гардид, омӯзгорону хонандагони таълимгоҳи мазкур барои дар сатҳи хуб гузаронидани ҳафтаи ихтироъкорӣ як зумра асбобу ашё ва лоиҳаю барномаҳоро тартиб доданд, ки бархе аз онҳо дар оянда мавриди истифода қарор дода хоҳанд шуд. Аз ҷумла хонандаи синфи 10-уми Муассисаи номбаршуда Иззатулло Раҳимов макети электромобилиро омода намудааст, ки он бо ду батарея муҷаҳҳаз буда, яктои он барои ҳаракати электромобил истифода шуда, батареяи дигар бошад, неруи барқро дар худ захира намуда, дар роҳҳои дур барои ҳаракати мунтазами чунин нақлиёт зарур мебошад.

Инчунин хонандаи синфи 8-уми таълимгоҳи мазкур Сумаяи Фирдавс баргузор намудани ҳафтаи ихтироъкорорӣ зарур ва саривақтӣ маънидод мекунад. Зеро ӯ бо ҳамсинфонаш дар дарси технологияи меҳнат иштирок намуда, ба омухтани касбу ҳунар машғул мешавад.

Хонанда Нозия Махфиева тасмим гирифтааст, ки дар ҳафтаи ихтироъкорӣ дастпушакеро кашф намояд, ки барои ашхоси имконияташон маҳдуд манфиатовар бошад ва барои пешрафти кори ин табақаи ҷомеа мусоидат намояд.

Дар воқеъ баргузор намудани ҳафтаи ихтироъкорӣ дар таълимгоҳи рақами 72-юми ноҳияи Фирдавсӣ барои хонандагони синфҳои болоӣ хеле ба маврид арзёбӣ гардида, наврасону ҷавононро дар руҳияи илмомӯзӣ ва донистану ҳифзкардани муҳити зист ва ба амалҳои неку созанда машғул шудан ҳаматарафа раҳнамун менамояд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"