image

Фаъолияти комиссияи таҳлилӣ ва кор бо ВАО ва Шӯрои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Фирдавсӣ натиҷагирӣ гардид

date_range24.01.2024, 15:33 chat_bubble_outline0 remove_red_eye307

Дар шаҳри Душанбе Маҷлиси навбатии Комиссияи таҳлилӣ ва кор ба воситаҳои ахбори оммаи назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва Шӯрои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия баргузор гардид. Дар кори ҷаласа, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, раиси Комиссияи таҳлилӣ ва кор бо ВАО, роҳбари Шӯрои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва аъзои фаъоли он иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, вобаста ба нақши воситаҳои ахбори омма суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ, ки кулли муносибатҳо ҳар лаҳза номуайяниҳои нав ба навро пайдо менамояд, истифода аз воситаҳои ахбори омма, нашрияҳои ҳизбӣ, ҷумҳуриявӣ, шабакаҳои телевизионӣ ва шабакаҳои гуногуни интернетӣ яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти ҳизбиён мансуб меёбад. Аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, ки имрӯз ба майдони муборизаҳои сиёсӣ, гурӯҳӣ, мазҳабӣ табдил ёфта, ҷиҳати таъсир расонидан ба мафкураи мардум воситаи мусоид ба шумор мераванд.

Сипас, гузориши раиси Комиссияи таҳлилӣ ва кор бо ВАО-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ шунида шуд.

Қайд гардид, ки дар ҷаҳони мутамаддин идеология ба силоҳи асосии мубориза дар ҳама ҷанба табдил ёфта, дар сурати оқилона ва фаврӣ истифода шудан ғолибияти ин ё он давлат ва натиҷаҳои хуб додани дилхоҳ иқдомро таъмин менамояд.

Бояд гуфт, ки ҳадафи асосии Комиссияи таҳлилӣ ва кор бо воситаҳои ахбори оммаи назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ин нишон додани вокунишҳои саҳеҳу дақиқ ба ақидаҳои муғризонаю бардурӯғу фитнаангез, ки хилофи сисёсати давлату Ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Инчунин, дар идомаи маҷлис нақшаи кории Комиссия барои фаъолияти 2024 тасдиқ гардида, бо пешниҳоду аъзои комиссия як зумра фаъолон ба аъзои Комиссияи таҳлилӣ ва кор бо ВАО-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ворид карда шуд.

Ҳамзамон дар идома қайд гардид, ки Шӯрои ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, инчунин татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон саҳми арзанда дорад. Дар ин ҷаласа фаъолияти Шӯрои ТҶҶ “Созандагони Ватан” низ пайгири шуда, нақшаи корӣ барои фаъолияти соли 2024 тасдиқ гардид.

Дар идома тазаккур дода шуд, ки Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ бо истифодаи ҳама гуна воситаҳои ахбори омма кӯшиш менмояд, ки ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумат ва ҳизбро таблиғу ташвиқ намуда, дар татбиқи он саҳм гузорад.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"