Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат аз ҷониби гуруҳи кории МИҲД н.Сино бо сокинони шаҳраки 32-и н.Сино
25-уми январи соли равон дар толори муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 32-и ноҳияи Сино дар доираи дастуру супоришҳои Сарварти давлат, ки зимни Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ баён гардид, бо устодону хонандагон ва падару модарони хонандагон мулоқот доир шуд.
Дар мулоқот намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, Шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Сино ва роҳбаряити муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 32 иштирок намуданд.
Масъулини шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Сино изҳор доштанд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соле як маротиба ба мардум расонида мешавад, як барномаи мукаммале мебошад, ки ҳамчун ояндасози миллату давлат арзёбӣ мегардад, чунки дар Паём дар баробари шарҳу тавзеҳи иҷрои нақшаву барномаҳои қабулгардида дар соли гузашта ва дурнамои самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар барои солҳои оянда муайян мегардад. Дар ин раванд қайд намуданд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола дар бораи тараққиёту пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илму фарҳанг ва сиёсати дохилию хориҷии кишвар ироа доштанд, ки вазифаҳои минбаъдаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои оянда мушаххасан баррасӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои олиамон наздик мекунад. Яъне, мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем ва барномаҳои созандаву нақшаҳои бунёдкоронаи барои рушди давлат ва ободии Ватан тарҳрезикардаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем.
Сипас дигар иштирокчиён зимни баромади хеш таъкид кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият ба туфайли иқдомҳои пайвастаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нобасомониҳои дохилӣ ва буҳрони иқтисодию иҷтимоӣ хотима бахшида, ба дастоварди бузурги таърихӣ, иттиҳоди миллӣ, ризоияти ҷомеа, фазои мусоиди сулҳу субот, рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиёт, баланд шудани сатҳи зиндагӣ ва такомули давлати соҳибистиқлол ноил гашт. Дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар суханрониҳояшон дар бораи баланд бардоштани мақоми зан - модар ва нақши онҳо дар ҷомеа, дастовардҳои солҳои ахири кишвар возеҳу равшан таъкид намудаанд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ