image

"Нақши Паём дар пешрафту шукуфоии кишвар". Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид

date_range25.01.2024, 15:49 chat_bubble_outline0 remove_red_eye410

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таҳти унвони "Нақши Паём дар пешрафту шукуфоии кишвар" ҳамоиш баргузор гардид. Дар он иштирокчиён бандҳои паёми сарвари давлатро шарҳу тавзеҳ дода, онро ҳамчун дастурамали корӣ барои кормандони соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ карданд.

Зимни ҳамоиш ҳозирин нуқтаҳои паёми Пешвои миллатро шарҳу тавзеҳ дода иброз доштанд, ки паёми навбати пурра воқеияти сиёси, иқтисоди ва иҷтимоии мамлакатро фаро гирифта мавқеи Тоҷикистонро вобаста ба руйдоду ҳодисоти як соли охир дақиқ муайян намуд.

Зикр гардид, ки тафовути Паёми имсолаи Пешвои миллат аз паёмҳои пешина, дар он аст, ки он на танҳо як фосилаи кӯтоҳи рушди кишвар, балки муҳлати нисбатан тӯлонитари рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро дар бар мегирад. Тавассути Паёми имсола Сарвари давлат саҳифаҳои кору пайкори миллати тоҷикро давоми солҳои охир варақгардон намуда, роҳҳои таҳкими минбаъдаи рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян намуданд. Дар тадбири мазкур намояндагони дигар сохторҳои давлатӣ нишондиҳандаҳои Паёми исмолаи роҳбари давлатро ба парлумон баррасӣ намуда, роҷеъ ба нишондиҳандашои иқтисодии кишвар, афзоиши корхонаҳои саноатӣ, амалишавии барномаҳои давлатӣ дар самти расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ибрози андеша намуданд.

Ҳозирин атрофи аҳамият ва ҳадафҳои асосии Паёми Пешвои миллат дар шароити замони муосир ибрози назар карда андешаҳояшонро дар хусуси самтҳои афзалиятноки соҳаҳои гуногунии хоҷагии халқи мамлакат баён доштанд.

Дар фарҷом таъкид гардид, ки ин ҳуҷати муҳим дар оянда ҳамчун дастурамали корӣ барои рушди тамоми бахшҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"