image

НАТИҶАРИГӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР СОЛИ 2023

date_range26.01.2024, 10:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye382
Дар толори Гимназияи №4-и шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ва муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам, фаъолияти соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар шаҳри Душанбе дар соли 2023 натиҷагирӣ гардид.
Натиҷагирии фаъолияти соҳаҳои мазкур, бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум аз 27 декабри соли 2023 баён намуданд ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ки дар ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 8 январи соли ҷорӣ доир гардид, баргузор карда шуд.
Дар ҷаласаи мазкур, роҳбарияти раёсату шуъбаҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раёсатҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе, муовинони раисони ноҳияҳои шаҳр, муовинони ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, директорони колеҷу омӯзишгоҳҳо, роҳбарият ва кормандони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии “Раёсати кор бо мактабҳо ва иншоти варзишӣ”-и шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маориф, бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи ноҳияҳои И.Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино, директорон ва ҳайати маъмурияти муассисаҳои давлатии “Мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ”-и шаҳри Душанбе, директорони муассисаҳои давлатии “Боғу гулгашт ва иншоотҳои варзишӣ”, “Маркази кӯдакон ва наврасон”-и шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва шӯроҳои кор бо занони муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи касбии ҳудуди шаҳри Душанбе, роҳбарони созмонҳои талабагӣ, омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонии муассисаҳои таълимӣ, мураббиёни муассисаҳои варзишӣ, сохторҳои ҳамоҳангсоз ва намояндагони васоити ахбори омма даъват иштирок доштанд.
Дар кори ҷаласа аз рӯйи масъалаи якум ҳисоботи сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҳимзода Шоҳзод доир ба фаъолияти соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар соли 2023 бо назардошти муваффақият, мушкилот, ҳолат ва дурнамо ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуда, тибқи масъалаи дуюм Нақшаи кории фаъолияти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, сохторҳои ноҳиявии он ва муассисаҳои варзишии пойтахт барои нимсолаи аввал ва соли 2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, баён гардид, ки Нақша бо назардошти масъалаҳои баррасишуда мукаммал гардонида шуда, барои тасдиқ пешниҳод карда шавад.
Сипас, аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе ва муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе натиҷагирӣ гардида, ба масъулини соҳа ва сохторҳои ҳамкор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.