image

Баррасии аҳмияти китоби "Тоҷикон" бо иштироки ходимони дин

date_range26.01.2024, 11:06 chat_bubble_outline0 remove_red_eye302

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт вохӯрии намондагони шуъбаи дин танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсатшиносон бо имомхатибони масҷидҳои ҷомеии чор ноҳияи пойтахт баргузор гардид.

“Ташаккули худшиносии миллӣ дар ҷомеаи муосир: вазъу ҳолат ва пойомадҳо”, “Аҳамиятӣ ва ҷойгоҳи китоби «Тоҷикон» дар таҳкими худшиносии миллӣ”, “Нақши арзишҳои миллӣ дар ташаккули фарҳангу тамаддуни аҷдодӣ” ва “Муҳабат ба Ватан аз имондорист” аз ҷумлаи он мавзӯҳое буданд, ки дар мулоқот бо имомхатибони масҷидҳои ҷомеи ва панҷвақтаи чор ноҳияи шаҳри Душанбе матраҳ гардид.

Зимни баргузории чорабинӣ сардори шуъбаи дин танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба Истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои миллӣ сухан карда, таъкид доштанд, ки маҳз истиқлолияти давлатӣ буд, ки мардуми сарбаланди тоҷик дар фазои орому осуда зиндагӣ доранд.

Таъкид шуд, ки Пешвои миллат дар Паёмашон тамоми самтҳои давлатдориро бори дигар таҳлилу баррасӣ намуда, вазифаҳоро барои фаъолият дар соли ҷорӣ тарҳрезӣ карданд.

Экстремизм ва терроризм яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумлаи унсурҳои таҳдидкунанда ба асосҳои сохти конститутсионӣ, амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гашта, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа халал ворид месозад ин нукта қайд гардид зимни баромади котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имомхатибон.

Китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров яке аз асарҳои бебаҳо ва пурарзиш буда, бозгукунандаи таърих, илму адаб ва фарҳангу ҳунари миллати қадимаи тоҷик мебошад. Ин китоби беназир барои худшиносию, худогоҳи ва меҳанпарастии наврасону ҷавонон ва дар умум барои шаҳрвандони кишвар аҳамияти бузург дошта, мутоилаи он ва бохабар гаштан аз гузаштаи халки хеш дар шароити кунунии ҷаҳони муосир беш аз пеш зарур мебошад.

Ҳамзамон дар идома аз ҷониби коршиносон вобаста ба арзишу моҳият ва аҳамияти бузург доштани шоҳасари мондагори Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” андешаронӣ сурат гирифт.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"