image

Таҷлили ҷашни Сада дар муассисаи таҳсилоти томактабии №127

date_range26.01.2024, 11:29 chat_bubble_outline0 remove_red_eye338

Дар даврони истиқлоли давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ рушди дубора пайдо намуданд ва ҳоло онҳоро аз хурд то бузурги кишвар қайд менамоянд. Маъмулан Садаро ҷашни кишоварзон медонанд. Ҳоло бо ифтихору арҷгузорӣ ба арзишҳои он дар муассисаҳои таълимии томактабӣ низ он қайд карда мешавад. Тарбиятгирандагони Муассисаи таҳсилоти томактабии №127-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт низ сарҷамъона ҷашни Садаро ба таври шоиста таҷлил намуданд.

Чорабинии идона дар ин муассисаи томактабӣ бо қироати шеър аз ҷониби хурдосолон оғоз гардид. Барномаи рангини фарҳангиро тарбиятгирандагон пешниҳоди ҳамсолони худ намуданд.

Дар доираи нақша-чорабиниҳои шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашнгирии он дар муассисаҳои таълимӣ барои муаррифии шоистаи ин ҷашн ба наврасон ва баланд бардоштани сатҳи худогоҳии таълимгирандагон мусоидати фаъол менамояд. Эҳёи Сада ва таҷлили бошаҳомати он дар саросари кишвар гувоҳи арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, тақвияти худшиносиву худогоҳӣ маънидод карда мешавад. Бо таваҷҷуҳ ба фаъолияти ин соҳа дар пойтахт давоми солҳои охир бунёд ва навсозии муассисаҳои томактабӣ дар шаҳр бо суръат ҷараён дошта, дар ин замина сатҳу сифати таълиму тарбия беҳтар гардидааст. Аз ин ҷост, ки дар баробари машғулиятҳои ҳамарӯзаи барномавӣ, инчнуин чорабиниҳои зебои фарҳангӣ ва маърифатӣ низ ташкил мегардад, ки делили ин гуфтаҳои истиқболи ҷашни Сада мебошад.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"