image

Ҳамоиши имлӣ-назариявии «Бемории диабети қанд ва роҳҳои пешгирии он» дар ДМТ

date_range26.01.2024, 14:20 chat_bubble_outline0 remove_red_eye297

Ҳамоиши имлӣ – назариявии «Бемории диабети қанд ва роҳҳои пешгирии он» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии Ҳукумати мамлакат ташкилу баргузор карда шуд. Дар чорабинии илмӣ – назариявӣ роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, омӯзгорону донишҷӯён ва мутахассисону донишмандони соҳа иштирок намуданд.

Дар оғози ҳамоиши илмӣ - назариявӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода, аз ҷумла таъкид дошт, ки афзоиши шумораи гирифторони диабети қанд тайи солҳои охир дар мамлакат водор месозад, ки ҷиҳати дарёфти роҳҳои табобату пешгирӣ ва кохиши ин беморӣ бояд тадбирҳои муҳим амалӣ карда шавад. Тибқи маълумот дар соли 2023 дар мамлакат 10 ҳазору 674 нафар бори аввал ба ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2022, 6950 нафар ё 65 фоиз зиёд мебошад. Имрӯз дар кишвар шумораи гирифторон ба беморони диабети қанд наздик ба 65 ҳазор нафар расида, фавт аз ин беморӣ дар соли 2023 ба 787 нафар баробар гардидааст. Ба андешаи мутахассисону донишмандон фарбеҳии зиёд, аз меъёр зиёд будани холестерин ва равған дар таркиби хун аз сабабҳои асосии гирифторӣ ба ин беморӣ буда, он ба навъи якум ва дуюм ҷудо мешавад.

Ташкил ва баргузории ин ва ба ин монанд ҳамоишҳои илмӣ – назариявӣ бо иштироки олимону донишмандони соҳа барои дарёфти роҳу усулҳои нави мубориза ва пешгирӣ аз ин беморӣ иқдоми муҳим дониста мешавад. Ба андешаи мутахассисон бемории диабеди қанд тайи солҳои охир бештар дар миёни ҷавонон дида мешавад ва яке аз сабабҳои асосии паҳн гардидани он ин пурхӯрӣ ё истеъмоли нодурусти хӯрок мебошад. Дар ҳамин ҳол мутахассисон барои беморони гирифтори диабеди қанд истеъмоли таом ва хӯришҳо аз сабзавоту кабудиҳо, аз ҷумла карам, гулкарам, хӯриш аз шалғаму помидор, каду, картошка, лаблабу, сабзӣ ва маҳсулоти лӯбиёгиро бештар тавсия медиҳанд.

Дар идомаи ҳамоиши илмӣ – назариявии «Бемории диабети қанд ва роҳҳои пешгирии он» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирокчиён мавзӯъҳои «Бемории қанд ва оризаҳои он», «Таъсири бемории диабети қанд ба натиҷаҳои акушерӣ ва перинатологӣ»-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, оид ба пешгирӣ ва роҳҳои табобати ин маризӣ пешниҳоди мушаххас манзур намуданд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"