
ҲАМОИШИ ВАРЗИШГАРОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР РОБИТА БА ҲУНАРНАМОИИ ВОЛОИ ДАСТАИ МУНТАХАБИ КИШВАР ОИД БА ФУТБОЛ ДАР ҶОМИ ОСИЁ-2023

Дар баргузории Ҳамоиш, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Парвиз, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров ва дигар масъулину кормандони соҳаи варзиши мамлакат иштирок ва суханронӣ намуда, миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дастгириҳои ҳамаҷониба дар самти рушду нумӯи варзиши мамлакат хусусан футбол баён доштанд.
Инчунин, бо мақсади иҷрои банди 17 Нақшаи чорабиниҳои “Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022-2026”, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 апрели соли 2022, №178 ва банди 36 Нақшаи чорабиниҳои “Барномаи рушди футбол дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022-2026” ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 апрели соли 2022, №179 ба тасвиб расидааст, маросими қадршиносии беҳтаринҳо, варзишгарони мувафақ ва ташкилотҳои ҳамкор дар соҳаи варзиши шаҳри Душанбе дар соли 2023 доир гардида, “Мураббии беҳтарин”, “Варзишгари беҳтарин”, “Беҳтарин муассисаи варзишӣ”, “Толору клуби беҳтарин”, “Корманди беҳтарини сол дар самти варзиш”, “Футболбози беҳтарин”, “Довари беҳтарин”, “Телевизиони беҳтарин дар самти тарғиби тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, “Наворбардори беҳтарин”, “Ровии беҳтарин” ва “Беҳтарин федератсияи варзишӣ” бо сипоснома, ҷом ва туҳфаҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ