image

Шарҳи Паёми Пешвои миллат бо истиқоматкунандагони маҳаллаҳои Бунёдкорон ва Ободкорони ноҳияи Сино

date_range31.01.2024, 10:30 chat_bubble_outline0 remove_red_eye335

Дар доиари баргузории мулоқоту вохӯриҳои судманд бо сокинони касбу кори гуногун ин навбат роҳбарият ва кормандони Кумитаи иҷрояии ҲХДТ дар ноҳияи Сино мулоқоти хешро бо истиқоматкунандагони маҳаллаҳои Бунёдкорон ва Ободкорони ноҳияи Сино доир намуданд.

Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам дастури муҳим ва раҳнамунсоз барои ҳар як сокини кишвар, алалхусус наврасу ҷавон маҳсуб ёфта, ҳар як шахси ватандӯстро водор месозад, ки дар рушди минбаъдаи ватани маҳбубамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши сазовор дошта бошад. Таъкид гардид, зимни суханронии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино бо сокинону фаъоли маҳаллаҳои Бунёдкорон ва Ободкорони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.

Мавсуф дар идомаи суханронии хеш саҳми беназири Пешвои муаззами миллат Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафт, ободию шукуфоии кишвар, дастгирию ғамхориҳои ҳамешагиашон нисбат ба табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла наврасону ҷавонон, маъюбону барҷомондагон ва дигар қишри ҷомеа ёдовар шуда, ҳозиринро, баҳри содиқ будан ба кору пайкорашон, даъват намудани аҳли ҷомеа ба илмомӯзӣ, дӯст доштани Ватан ва арҷгузорӣ ба муқаддасоту арзишҳои миллӣ даъват намуд.

Ҳамзамон дар идомаи чорабини Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии №4 Рустам Шоҳмурод қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола бо Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, ба масоили рушду тараққиёти соҳаҳои ҳаётан муҳими давлат, пешрафти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, густариши фазои инноватсионӣ ва дигар бахшҳои калидӣ ишораҳои махсус зоҳир намуда, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарони мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"