Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат бо кормандони соҳаи тандурустии пойтахт
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар доираи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии гурӯҳи корӣ зери роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода Раҳим вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2023 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо кормандони соҳаи тандурустии пойтахт баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ гӯфта шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии мамлакат 2 баробар зиёд шуда, аз 5,3 миллион нафар дар соли 1991 то ба 10,2 миллион нафар дар соли 2023 расид. Дар баробари дигар самтҳо зиёдшавии аҳолӣ беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббиро низ тақозо менамояд. Ҳамин аст, ки ҳамасола дар кишвар барои рушди ин соҳа тадбирҳои судманд амалӣ карда мешавад. Барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он бунёди муассисаҳои нав, азнавсозии муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани онҳо зарур мебошад.
Дар мулоқот роҷеъ ба пешгирӣ аз фарҳанги бегона ва дигар самтҳо ибрози андеша карда шуд. Дар баромади хеш дигар ноттиқон баромад намуда изҳор намуданд, ки, соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. Маблағгузории соҳа мунтазам зиёд шуда, вазъи таъмини муассисаҳои тиббии кишвар бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва неруи кадрӣ сол ба сол беҳтар мегардад.
Дар соли 2023 барои соҳаи тандурустӣ 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2017-ум 2,3 баробар зиёд буда, 8,8 фоизи буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Дар идома дар доираи шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ҳамзамон роҷе ба масъалаҳои Ватандӯстӣ, хизмати софдилона ба давлату миллат бунёди муассисаҳои тандурустӣ аз ҷониби соҳибкорон ва дигар дастовардҳои пойтахт дар замони соҳибистиқлолӣ сухан рафт.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ