Шарҳу тавзеҳи паёми Президенти мамлакат бо кормандони соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе
Бо мақсади таъмини иҷрои саривақтӣ, босифат ва самаранокии вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2023 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҶТ” зикр гардиданд масъулини гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо кормандони соҳаи нақлиёт ва роҳбарони ҷамъиятҳои мусофиркашони шаҳри Душанбе мулоқот доир намуданд.
Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода иброз дошт, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳама соҳаҳо кишвари мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, ки аксари онҳо зимни таҳлили амиқи Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ зикр шуданд.
Вохӯрии мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар робита ба иҷрои дастуру супориш ва вазифаҳое, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ баён доштанд, роҳандозӣ гардид.
Гуфта шуд, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон зикр карданд, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 13 миллиард миллион сомонӣ дар кишвар амалӣ гардидаистодааст.
Дар идомаи мулоқот Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муфассал баромада зикр намуд, ки давоми се соли оянда дар шаҳри Душанбе 40 киллометр роҳҳои мошингард бо 7 эстакада бо арзиши умумии зиёда аз 3 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода мешаванд. Танҳо дар соли 2023 дар пойтахти мамлакат 16 киллометр роҳҳои мошингард бо арзиши 700 миллион сомонӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.
Дар идомаи мулоқот Раиси комиссияии доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо оид ба паҳлӯҳои дигари Паёми Пешвои миллат ба Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда зикр намуд, ки ҳоло лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод ба маблағи 3,3 миллиард сомонӣ ва бунёди пули калонтарин дар мамлакат бо дарозии 920 метр ба маблағи 625 миллион сомонӣ дар водии Рашт амалӣ шуда истодаанд.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ