image

Дар МИҲД н.Шоҳмансур оид ба омӯзиши муҳтавои Паёми Пешвои миллат мулоқот доир гардид

date_range01.02.2024, 11:45 chat_bubble_outline0 remove_red_eye319

Бо таҳлилу баррасии мавзуҳои дар паёми Президенти кишвар баён гардида, масъулини ноҳияи Шоҳмансур ва намояндагони сохторҳои гуногуни шаҳри Душанбе бо ташкили як ҳамоиш андешаҳои хешро пешниҳод карданд.

Дар ҳамоиш иброз шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсии сол ба ҳисоб меравад. Ин ҳуҷҷате аст, ки доираи васеи масъалаҳои марбут ба рушди мамлакат, сиёсати дохилӣ ва хориҷии онро дар бар мегирад ва барои ташаккули тадбирҳо ва қарорҳои минбаъда аҳамияти стратегӣ дорад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ аҳамияти калон дорад. Он ҳуҷҷати стратегӣ мебошад, ки афзалияти рушди ҷумҳуриро муайян месозад ва тавсияҳои муҳимро барои иҷрои ин вазифаҳо пешниҳод менамояд. Паём ба таҳкими эътимоди миллат ба Сарвари давлат, беҳтар намудани иртибот байни мақомоти давлатӣ ва аҳолӣ мусоидат менамояд.

Иброз шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаҳои ҳалталаби экологӣ ва муҳити зист таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, вазъи кунунӣ ва дурнамои муҳити зистро бо назардошти пайомадҳои номатлуби рӯзафзуни вобаста ба тағйирёбии иқлим, таъмини амнияти экологӣ, тарбия ва фарҳанги экологии аҳолӣ мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор доданд.

Иштирокдорон масъалаҳои ҳалталаби экологӣ ва муҳити зист, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, ташаккули иқтисоди «сабз», то соли 2037 ба ҳадди ниҳоӣ коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ, таҳияю қабул ва амалӣ намудани «Барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии мамлакат барои давраи то соли 2040», рақамикунонии ҳифзи муҳити зист, такмили стандартҳои экологию иҷтимоӣ, сабзазоркунии шафати роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, аз ҷумла баланд бардоштани маданияти шаҳрвандӣ, тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва дигар масъалаҳои дар Паём дарҷгардидаро баррасӣ намуданд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"