Мулоқоти намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода
Аз 26 январ то 10-уми феврал вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагони худ ва устодону донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар мулоқот доир менамоянд. Дар доираи ин мулоқотҳо ин навбат бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода як мулоқоти судманд доир карда шуд.
Мулоқоти навбатии намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Сино №4 дар толори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон бо садо додани суруди миллии Тоҷикистон оғоз гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишондодҳои барномаии он ба ҳозирин маълумот пешниҳод карданд.
Қайд гардид, ки дар низоми муосири давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, яке аз роҳҳои ифодаи равшан, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад.
Дар идомаи мулоқот Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ иброз намуд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ изҳор намуданд, ки «соли 2023 барои Тоҷикистон бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди мамлакат соли бобарор гардид.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқот доир ба дигар нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ