image

СИТОДИ КОРӢ: ОМОДАГИҲОИ МУТАШАККИЛОНА БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

date_range02.02.2024, 09:07 chat_bubble_outline0 remove_red_eye294
Дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе зери роҳбарии, Раиси Комиссияи даъвати шаҳрӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ситоди корӣ баргузор гардид.
Ситоди корӣ, бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе аз 21 декабри соли 2023, №664 “Дар бораи баргузории чорабиниҳои омодагии муташаккилона ҷиҳати баргузор намудании омӯзиши даъвати навбатии баҳории шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1997 – 2006 ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2024” доир гардид, ки дар кори он роҳбарияти сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аъзои Комиссияи шаҳрию ноҳиявии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, роҳбарияти шаҳриву ноҳиявии комиссариятҳои ҳарбӣ ва комиссияи тиббӣ ҳузур доштанд.
Доир ба иҷрои қарори мазкур, раисони комиссияҳои даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияҳои шаҳр, Сарраёсати маориф, Раёсати тандурустии шаҳр, Комиссарони ҳарбии шаҳр ва ноҳияҳо, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Ташкилоти ҷамъиятии Кумитаи марказии мададгори мудофиа, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе гузориш доданд.
Бо ин мақсад, ҷиҳати анҷоми корҳо дар самти омодагии муташаккилона барои омӯзиш ва сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар давраи даъвати баҳорӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.