image

Вохӯрии намояндагони МИҲД шаҳри Душанбе вобаста ба шарҳу тавзеҳи паёми Пешвои миллат бо кормандони соҳаи фарҳанг

date_range02.02.2024, 09:45 chat_bubble_outline0 remove_red_eye338

Дар маҷлисгоҳи бинои Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии гурӯҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи моҳияти паёми Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон ба Маҷлисчи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳаи фарҳанг доир гардид.

Бо мақсади омӯзиши самараноки паёми Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон ба Маҷлисчи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Қарори Раиси шаҳр «Дар бораи омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон» ба имзо расидааст. Дар асоси нишондоди қарор мулоқотҳои судманд бо сокинон ва кормандони касбу кори гуногун ташкил карда мешавад. Ин навбат ҳамоиши тавзеҳотӣ бо кормандони соҳаи фарҳанг ташкил шуд.

Зимни баромади муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода Раҳим бо ишора ба паём зикр гардид, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа–ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Гуфта шуд, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Дар идома бо ишора ба Паём зикр гардид, ки тайи солҳои охир дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба ҳалли масъалаҳои соҳаи фарҳанг, ҷиҳати муаррифии фарҳанги бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ як қатор иқдомоти назаррас амалӣ гардиданд. Соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид.

Бояд гуфт, ки чунин мулоқоту вохӯриҳо оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат миёни дигар сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахт идома доранд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"