Дар н.Фирдавсӣ мулоқоти намояндагони МИҲД шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи паёми Пешвои миллат доир шуд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрии гуруҳи таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба шарху тавзеҳи моҳияти паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Аз ҷониби аъзои гурӯҳи корӣ доир ба раванди давлатдорӣ дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ андешаронӣ сурат гирифт.
Зимни баромади роҳбари гурӯҳи 4-уми таблиғотӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода зикр гардид, ки тайи солҳои охир таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона карда шуд. Тавре дар Паём омадааст, дар се соли оянда дар шаҳри Душанбе 40 километр роҳҳои мошингард бо 7 эстакада бо арзиши умумии зиёда аз 3 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода мешаванд. Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 13 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, идома дод номбурда. Бо ишора ба дастовардҳои соҳа роҳу нақлиёт дар шаҳр гуфта шуд, ки танҳо дар соли 2023 дар пойтахти мамлакат 16 километр роҳҳои мошингард бо арзиши 700 миллион сомонӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.
Қобили зикр аст, ки солҳои охир сохтмон ва ба истифода додани роҳҳои маҳаллӣ вусъати тоза гирифта, танҳо дар соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, хусусан, бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ба маблағи зиёда аз 300 миллион сомонӣ қариб 1000 километр роҳҳои маҳаллӣ таҷдид гардида, бунёду азнавсозии 41 пул ба анҷом расидааст.
Ато Собирзода муовини сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, ки шомили ин гуруҳи корӣ аст, дар баромади худ таъкид намуд, ки соҳаи саноат ва инноватсия яке аз манбаъҳои муҳимтарини рушди минбаъдаи кишвар ба ҳисоб рафта, пешрафти он имкон медиҳад, ки сарчашмаҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ пайдо гардида, барои аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шаванд. Дар зарфи солҳои истиқлоли давлатӣ амалисозии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат имкон дод, ки дар кишвар беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шавад. Танҳо аз ҳисоби зиёд шудани иқтидорҳои саноатӣ дар замони истиқлол талабот ба неруи барқ беш аз 800 мегаватт зиёд гардид.
Мавсуф ҳамзамон қайд намуд, ки дар заминаи рушди саноат дар кишвари мо саноати дорусозӣ низ пешрафт намудааст ва ҳолло даҳҳо корхонаҳои истеҳсоли дору фаъоланд, ки барои коҳиш додани маҳсулоти воридотии ин соҳа замина мегузоранд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ