image

Баргузории курси омӯзишии «Оила ва ҷамъият» дар ДДФСТ ба номи М.Турсунзода

date_range02.02.2024, 11:30 chat_bubble_outline0 remove_red_eye435

Раёсати кор бо занон ва оила мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои банди 3 Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 26 июли соли 2021, тасдиқ гардидааст, ҷиҳати баланд бардоштани тафаккуру андешаи наҷиби асолати оиласолорӣ дар толори бинои Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки донишҷӯён курси омӯзиширо зери унвони "Оила ва ҷамъият" баргузор намуд.

Мақсад аз баргузории курси мазкур солимгардонии фазои маънавии оилаҳо, баланд бардоштани тафаккуру андешаи наҷибу асолати оиласолорӣ, ҳифзи ифтихор ба тозагиву муқаддасоти оилавӣ ва баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ миёни занону духтарон мебошад.

Маърӯзачиён зимни курси омӯзишӣ изҳор доштанд, ки ҳадафи асосии Стратегия аз фароҳам овардани замина ва шароити зарурӣ ва кофӣ барои пурра зоҳир намудани қобилияти занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, татбиқи сиёсати давлатии гендерӣ, механизмҳои татбиқи кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон, пешгирӣ ва аз байн бурдани зӯроварӣ дар оила, рушди соҳибкории занон, баланд бардоштани маърифатнокии занон, таъмини иштироки васеи онҳо дар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва ба ин васила таъмини рушди устувори давлати борат мебошад.

Гуфта шуд, ки оила ҳамчун пойдевори ҷомеа яке аз унсурҳои муҳими фарҳанги миллати тоҷик ба шумор меравад.

Ҳамчунин қайд шуд, ки оид ба масъалаи бунёди оила ва тарбияи фарзандон аз нигоҳи динӣ меъёрҳо ва принсипҳое коркард шудаанд, ки ба талаботи ҷомеаи имрӯза бисёр мувофиқ ва мутобиқ мебошанд. Оилае, ки тибқи ин принсипҳо зиндагӣ менамояд, оилаи мустаҳкам ва солим мебошад. Чунин оила имконият дорад, ки ба муқобили ҳама гуна мушкилот истодагарӣ намояд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"