image

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон барор таманно намуданд

date_range02.02.2024, 14:48 chat_bubble_outline0 remove_red_eye290

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пеш аз бозии даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун бо бозигарон, мураббиён ва ҳайати маъмурии тими миллии мамлакат мулоқот намуданд. 

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон  барои  бозиҳои  хубу намунавӣ  дар Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол  ба ҳайати футболбозони тоҷик  изҳори сипос намуданд.

«Ба даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфтан ва дар қатори ҳашт дастаи беҳтарин ҷой гирифтан дастоварди бузурги дастаи мунтахаби мо мебошад. Бо бозии худ дар Ҷоми Осиё шумо дили миллионҳо мухлисро дар Тоҷикистон ва берун аз он ба даст овардед. Ҳоло ҳама ба дастаи мо мухлисӣ менамоянд. Ба шумо барои натиҷаҳои шоён ва заҳматҳои зиёд ташаккур мегӯям. Имрӯз бо тими миллии Урдун вохӯрии душвор хоҳед дошт. Бароятон комёбӣ таманно дорам!», – изҳор намуданд Рустами Эмомалӣ дар мулоқот бо ҳайати даста.