Ҳашари ниҳолшинонӣ зери шиори “Саҳми ман дар шаҳри ман” дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе
Дар доираи амалӣ гардонидани ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ва Нақшаи чорабиниҳои муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бо мақсади ободии пойтахти азизамон шаҳри Душанбе дар гирду атроф, муассисаи мазкур ҳашари дастаҷамъона зери шиори “Саҳми ман дар шаҳри ман” ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар раванди корҳои ободонию созандагие, ки дар саҳн ва атрофи Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе доир гардид роҳбарият, кормандон ва донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ фаъолона иштирок намуда, дар ободонии ин мавзе саҳми арзандаи хешро гузоштанд.
Ҳамзамон дар ин рӯз дар назди майдончаи варзишии муассиса 50 бех ниҳолҳои ҳамешасабзи Сосна шинонида шуд.
Бояд гуфт, ки ҳашарҳое, ки ҳар ҳафта бо истифода аз рӯзҳои истироҳати дар пойтахт гузаронида мешаванд, ба хотири тозагии кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳои Душанбе шаҳр роҳандозӣ мегарданд.
Боиси қайд аст, ки тозагиву ободонӣ рисолати мардуми сарбаланди мо буда, дар гузашта он яке аз рукнҳои муҳими анъанаҳои миллии мо маҳсуб меёфт ва дар замири кӯдакону наврасон ҳисси зебоипарастиро талқину ташвиқ менамуд. Истифодаи дуруст ва самараноки майдончаҳои варзишӣ низ ғамхорӣ ба ояндаи кӯдакону наврасон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки роҳбарияти Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе раванди мунтазам ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагиро дар муассисаи таълимӣ зери назорати ҷиддии худ қарор дода, ҳар ҳафта тибқи нақша аз ҷониби коллективи меҳнатӣ ва донишҷӯёни Коллеҷ ҳашари дастаҷамъона ташкил ва баргузор карда, пайваста ба он мекушанд, ки ин гӯшаи шаҳри азизамон Душанбе ҳамеша сабзу хуррам, тозаву озода ва ба талаботи шаҳрдорӣ ҷавобгӯй бошад.
Мақсад аз доир намудани ингуна ҳашарҳои дастаҷамъона ва ниҳолшинонӣ, махсусан дар донишгоҳу донишкадаҳои олии таълимии пойтахт пеш аз ҳама сабзу хуррам гардонидани дохил ва атрофи ин маконҳо мебошад.
Бояд қайд кард, ки роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иқдоми ниҳолшинонӣ ва созандагиро саҳмгузорӣ дар ободонии пойтахти мамлакат арзёбӣ намуда, онро барои насли наврас намунаи ибрат ва омили дӯст доштани табиат, макони зист ва сарзамини аҷдодӣ маънидод карданд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ