Боздиди хонандагон аз маркази таълимии қисми низомии 08 010-и Қушунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади ошноӣ аз ҳаёти сарбозону афсарон ва буду боши онҳо дар қисмҳои низомии пойтахт бо ташаббуси Шуъбаи маорифи ноҳияи Сино дар ҳамкорӣ бо Комиссиариати ҳарбии ноҳия ва дигар масъулин дидорбинии хонандагони муассисаҳои таҳсилотим миёнаи умумӣ ба маркази таълимии қисми ҳарбии 08 010 – и Қушунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди ноҳия қарор дорад, ташриф оварда бо онҳо аз наздик суҳбат намуданд.
Дар рафти аёдат масъулин бо сарбозону афсарон ва курсантон мулоқот намуда, ба хонандагон таъкид намуданд, ки артиши миллӣ бо вуҷуди имконоти ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ дар замони ниҳоят ҳассоси таърихи даврони соҳибистиқлолӣ таъсис ёфта, хушбахтона марҳила ба марҳила зери таваҷҷуҳи доимии Президенти мамлакат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳо амалӣ карда шуданд.
Воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихору сарбаландист.
Дар ҷараёни дидорбинӣ аз ҳаёти сарбозон масъулини Шуъбаи маорифи ноҳияи Сино изҳор доштанд, ки хизмат дар сафи кувваҳои мусаллаҳи кишвар мактаби мардонагиву ҷасурӣ буда, дар ҷараёни он ҳар як ҷавонписар пурра обутоб меёбад.
Валиҷон Шарифзода
ТВ "Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ