image

Бо мақсади шарҳи Паёми Пешвои миллат дар ноҳияи И.Сомонӣ вохурӣ бо сокинон баргузор шуд

date_range07.02.2024, 11:51 chat_bubble_outline0 remove_red_eye264

Дар вохӯрӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, масъулини кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ, масъулини майдончаҳои варзишӣ ва раисони шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода ҳадаф аз вохӯриро иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пайравӣ ба муроҷиатномаҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба “шаҳри гулрез” ва “шаҳри сабз” табдил додани пойтахт ва тозавгиву озодагӣ ва хуррамгардонии онро кори ҳамагонӣ маънидод кард.

Дар идома муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Наргис Шарифзода ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода иброз доштанд, ки пойтахти кишварамон – шаҳри дилорои Душанбе хонаи умеду ормонҳои тамоми тоҷикони дунё мебошад. Бо амри тақдир мову шумо хушбахт аз онем, ки сокинони сарбаланди он ҳастем ва дар корхонаву коргоҳҳои мухталиф ва самтҳои гуногун ифои вазифа дорем. Аз ин лиҳоз, мо дар баробари хушбахтӣ масъулияти бузург низ дорем. Зеро тозаву озодагӣ ва сарсабзу хуррамии он аз мову шумо ҳам вобастагии амиқ дорад.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"